САФАРИ АСАДУЛЛОҲ ҒУЛОМОВ БА БАДАХШОН

Март 27, 2009 14:53

                     Бадахшон, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Рӯзи 26-уми моҳи марти соли ҷорӣ муовини аввали сарвазири мамлакат Асадуллоҳ Ғуломов вориди шаҳри Хоруғ гардид. Соли ҷорӣ дар Бадахшон соли бунёдкориҳост. Ба хотири бунёд кардани иншоотҳои гуногун беш аз 111 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ он иншооте, ки соли 2008 нотамом мондаанд, бунёд карда мешаванд. Мақсад аз ташрифи муовини аввали Сарвазир дар он аст, ки вазъи сохтмони иншоотҳоро санҷида, ба хотири беҳбудии кор маслиҳатҳои муфид медиҳад, агар лозим шавад, имдод мерасонад. Асадуллоҳ Ғуломов аз варзишгоҳи марказӣ, кохи ҷавонон, литсейи президентӣ, хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Маркази илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помир дидан карданд. Муовини аввали сарвазир ба Литсейи президентӣ, инчунин ба хобгоҳи донишҷӯён ва маркази илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помир баҳои баланд доданд. Таъкид намуданд, ки литсейи президентӣ дар ибтидои солгарди Истиқлоли Ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳамзамон аз рафти корҳо дар биноҳои театри вилоятӣ ва беморхонаи марказӣ эрод гирифта, ба хотири бартараф кардани нуқсонҳо маслиҳатҳои муфид дод. Рӯзи 27 март Асадуллоҳ Ғуломов ба вазъи иншоотҳои обу ташнобҳои хоҷагии манзилии Хоруғ шинос мешавад, ки солҳои 50-уми қарни ХХ сохта шудаанду имрӯз хеле хароб гардидаанд. Баробари ин ба хотири бунёди иншоотҳои ҷадид нақшаҳои мушаххас кашида мешаванд. Сафари муовини аввали Сарвазири кишвар дар Бадахшон идома дорад.

Март 27, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад