САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУҒУЛИСТОН

Март 25, 2009 15:49

                     Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 март барои боздиди расмӣ ба Муғулистон меравад. Маросими расмии истиқболи Президенти Тоҷикистон 27 март дар Қасри давлатии Улон — Ботур баргузор хоҳад гашт. Сипас Президенти Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон Номбарин Энхибоёр мулоқот мекунад.                      Инчунин, гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Хурали бузурги давлатӣ (парлумони) Муғулистон Эн Энхиболт ва муовини аввали сарвазири Муғулистон Олтон Хуяк ба нақша гирифта шудаанд.Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар фарҷоми гуфтушунидҳо силсилаи ҳуҷҷатҳо ба имзо мерасанд.

Март 25, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад