САФАРИ Н. БОРДЮЖА БА АРМАНИСТОН

Март 3, 2009 09:39

                 Маскав, 3 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дирӯз барои боздиди корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафт. Вай ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ин мамлакат, ки роҳбарии мақомоти оинномавии СААД ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, дар бораи натиҷаҳои ташкили заминаи меъёрию ҳуқуқии қувваҳои низомии дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ маълумоти зарурӣ хоҳад дод. Н.Бордюжа, аз ҷумла, бо президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргисян мулоқот хоҳад кард.                 Н.Бордюжа қабл аз сафар ба Ереван зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки котибот, ситоди муттаҳидаи созмон ва коршиносони давлатҳои аъзои он лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро омода сохтанд, ки мақому фаъолият, тартиботи ҳуқуқӣ ва шартҳои истифодаи Қувваҳои дастаҷамъии низомии вокуниши таъҷилиро ба низом медароранд. Акнун ин ҳуҷҷатҳо дар байни давлатҳои аъзои созмон мувофиқа карда мешаванд.                Николай Бордюжа ҳамчунин бо вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котиби шӯрои амнияти миллии Арманистон мулоқот карда, баъдан дар тадбирҳои марбут ба солгарди ташкили Маркази байналхалқии дастгирии иттилоотии СААД дар Арманистон ширкат хоҳад варзид.  

Март 3, 2009 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар