САФАРИ С. ЛАВРОВ БА АФҒОНИСТОН
Кобул, 16 март. (АМИТ «Ховар», ТРЕНД). — Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз барои боздиди корӣ ба Давлати Исломи Афғонистон рафт. Барномаи сафари ӯ мулоқотҳоро бо Президент Ҳамид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Рангин Додфар Спанта ва аъзои парлумони мамлакат дар бар мегирад. Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ, вазъияти Афғонистон ва пешгирии таҳдиди паҳн гардидани терроризм, маводи нашъадор ва ҷинояткории минтақавӣ аз ин мамлакат баррасӣ карда мешаванд. Дар ҷараёни мулоқотҳо роҷеъ ба проблемаҳои байналхалқию минтақавӣ низ табодули назар карда хоҳад шуд. С.Лавров бо роҳбарони Афғонистон масъалаҳои тайёриро бахшида ба Конфронси махсуси СҲШ бахшида ба Афғонистон баррасӣ менамояд. Конфронси мазкур 27 март дар Маскав кушода хоҳад шуд. Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои иштироки Русия дар сохтмони корхонаҳои саноатии Афғонистон ва расондани кӯмакҳои башардӯстонаи он ба ин мамлакати ҷангзада баррасӣ карда мешаванд. С.Лавров бори охирин моҳи феврали соли 2007 ба Афғонистон сафар карда буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






