САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ БАЛХ
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Субҳи 20 марти соли равон 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ озими маркази маъмурии вилояти Балхи шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардид. Вазирро дар ин сафар гурӯҳи олимону адибон ва рӯзноманигорон ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо дар мулоқоти сеюми сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок хоҳад кард. Бояд зикр кард, ки ин мулоқоти мазкур ба хотири суръатбахшӣ дар пайгирӣ ва амалӣ намудани паймонҳои сеҷониба дар доираи татбиқи аҳкоми Баёнияи муштараки дуюмин машварати Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расида буд, сурат мегирад. Дар назар дошта шудааст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафар бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳр Муттакй, ҳамчунин бо волии вилояти Балхи Афғонистон Атомуҳаммад Нур мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамроҳаш дар маросими ифтитоҳи китобхонаи Фирдавсӣ дар шаҳри Мазори Шариф иштирок мекунанд. 21 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои наврӯзии Мазори Шариф ширкат хоҳад кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






