САФИРИ ИМА ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Қӯрғонтеппа, 6 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон 5 март барои боздиди корӣ ба ноҳияи Вахш рафт. Вай дар ин ҷо бо ҷараёни тақсими кӯмаки башардӯстона ба сокинони маркази ноҳия шинос шуд. Сафир зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки кӯмаки башардӯстона дар доираи яке аз барномаҳои хайрияи Департаменти давлатии ИМА расонда мешавад. Вай афзуд, ки ба сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ кӯмаки хайрия расонда хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар вилояти Хатлон ба бештар аз 8 ҳазор оила ва дар вилояти Суғд ба 3,5 ҳазор оила аз тарафи Агентии рушди байналмилалии ИМА кӯмаки хайрия расонда мешавад. Сафир зикр намуд, ки кӯмаки хайрия аз 200 килограмм орд, 50 килограмм наск ва 16 килограмм равғани наботӣ иборат аст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






