САХОВАТИ «ОРИЁНБОНК» ВА МАБЛАҒИ ҚАРЗИИ ОН
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маблағҳои қарзии Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» дар ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 700 млн. сомониро ташкил дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ҶСК «Ориёнбонк» то 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми маблағҳои қарзии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ беш аз 700 млн. сомониро ташкил додаст. Аз ҷумла барои корҳои тиҷорати хусусӣ 73,1 фоиз, хоҷаги кишоварзӣ 27,7 фоиз ва давлатӣ 0,6 фоиз қарз дода шудааст. Дар ин муддат «Ориёнбонк» 63,6 фоиз барои корхонаҳои тиҷоратии хусусӣ, 14,1 фоиз барои рушди хоҷагии кишоварзӣ ва 22 фоиз барои корхонаҳои давлатӣ ба тариқи нақдӣ бо доллар қарз додааст, ки ин калонтарин нишондиҳандаи қарзӣ миёни бонкҳои кишвар мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






