САМБОЧИЁНИ ТОҶИК БЕҲТАРИН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Март 31, 2009 10:38

                  Душанбе, 31 марта. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Нахустин мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гӯштнии самбо дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид.                   Дар сабқати минтақавӣ, ки бори аввал дар кишвари мо баргузор шуд, 115 варзишгар (82 мард ва 33 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд. Мусобиқа дар навъҳои самбои варзишӣ ва самбои низомӣ ё муҳорибаи тан ба тан сурат гирифт. Шарафи варзиши Тоҷикистонро 17 нафар мардон ва 7 нафар занон ҳимоя карданд.                 Дастаи Тоҷикистон дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон ғолиб шуд. Дастаи Узбакистон дар мақоми дуюм ва дастаи Қазоқистон дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.                 Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик — Акмолиддин Каримов дар вазни то 52 кг, Наҷибулло Ҳабибуллоев (57 кг), Хушбахт Назаров (62 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Пӯлодҷон Солеҳов (90 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) — ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар се вазни дигар меҳмонон — Элмурод Абраев (Узбакистон, 68 кг), Сардор Шавриков (Узбакистон, 82 кг) ва Айдос Кинисбоев (Қазоқистон) — пирӯз шуданд.                 Дар сабқати самбои низомӣ дастаҳои Узбакистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дуюм ва Тоҷикистон ҷои сеюмро азони худ карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор паҳлавони Узбакистон — Озод Пардаев (68 кг), Элдор Ғуломов (90 кг), Зариф Расулов (100 кг) ва Музаффар Ёрматов (беш аз 100 кг) — медалҳои тилло ба даст оварданд. Ду гуштигири тоҷик — Бахтиёр Тулеев (57 кг) ва Фаридуншоҳ Устопиров (82 кг) -, ду паҳлавони қирғиз — Илёсбек Қаробоев (52 кг) ва Арабай Ӯғлӣ (74 кг) — , инчунин намояндаи Қазоқистон Маъқулбек Алифбеков (62 кг) бо медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гаштанд.                 Дар сабқати самбои варзишӣ байни занон дастаҳои Узбакистон дар ҷои аввал, Қирғизистон дар ҷои дуюм ва Тоҷикистон дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.                 Дар рақобатҳои инфиродӣ шаш нафар бонувони гуштингири Узбакистон — Дилафрӯз Абдураҳимова (48 кг), Ӯғулой Рӯзиматова (56 кг), Муқаддам Каримшакова (60 кг), Гулмира Исматова (68 кг), Соҳиба Эштемурова (72 кг) ва Обида Аладӯстова (беш аз 80 кг) — пирӯзӣ ба даст оварданд. Ду варзишгари Қирғизистон — Ойдина Кашаева (52 кг) ва Элзад Абилшан (80 кг) — , инчунин, намояндаи Қазоқистон Раиса Байлиева (64 кг) бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.                  Бонувони тоҷик 4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нигора Алиматова (48 кг), Саида Дадаҷонова (52 кг), Муҳаббат Нодирматова (60 кг) ва Дилбар Султонова (68 кг) ҷойҳои дуюм, Фирӯза Ҳомидова (64 кг), Мавлуда Комилова (72 кг) ва Мадина Шамсиева (80 кг) ҷойҳои сеюмро гирифтанд.

Март 31, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст