САНЪАТКОРОН ОГОҲИНОМА МЕГИРАНД
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо назардошти сатҳи пасти андозбандии санъаткорон, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ раёсатҳои андози дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор кардаааст, ки тибқи қонунгузории андоз ба сарояндагону навозандагон, ки ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд, огоҳинома ирсол намуда, санади муқоисавӣ тартиб диҳанд. Ҳамчунин, баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар соҳаи андозбандӣ ва андозсупориро аз тарафи санъаткорони ба соҳибкории инфиродӣ машғулро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд. Ёдовар мешавем, ки барои санъаткороне, ки фаъолияти соҳибкорӣ доранд, маблағи пардоҳти патент дар як моҳ 115 сомонӣ ва дар як сол аз рӯи фаъолияти 10 моҳа 1187,5 сомониро ташкил медиҳад. Дар сурати пардохти бетаъхири андоз аз ҷониби 660 нафар санъаткорони ба соҳибкории инфироди машғул ба буҷаи мамлакат дар як сол 759 ҳазор сомонӣ маблағ ворид мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






