САРДОРОН ВЕЛОСИПЕДРОНӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, охири моҳи декабри соли сипаригашта дар сохтори ҶСК «Тоҷиктелеком» тағироти куллӣ ба амал омад. Сабаби дигаргуниро дар сохтори мазкур муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ҷумҳурӣ Бек Зуҳуров дар тамоюли паст рафтани рушди сохтори ҷамъият, зиёд шудани қарзҳо ва паст гардидани трафикаи байналмилали телекоммуникатсионии мамлакат арзёбӣ кард. Қобили зикр аст, ки истифода аз нақлиёти бесӯзишворӣ велосипед иқдоми аввалин ва наҷиби Бег Зуҳуров мебошад. Ӯ ҳамаи сардорони шўъбаю раёсат, сарраёсатҳои «Тоҷиктелеком» ва «Почтамти марказӣ»-ро бо велосипеди дучарха таъмин намуд. Акнун онҳо ба ҷои мошинҳо аз ин дучархаҳо истифода мебаранд. — Мо бояд пеш аз ҳама манфиати ҷомеа ва ҷумҳуриро дар назар гирем ва проблемаҳои ҷойдоштаро қатъи назар накарда, чораҳои мушаххас андешем. Барои аз бӯҳрони молӣ баровардани ҷамъият моро лозим омад, ки чунин иқдомро пеш гирем, яъне бо маслиҳати тамоми кормандон мо ба хулоса омадем, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ ба тарзи нави кор, яъне нақлиёти бесӯзишвории дучарха гузарем. Давлатҳои тараққикардаи дунё маҳз аз ин навъи нақлиёт истифода мекунанд, — гуфт ӯ. — Ҳоло мо соҳиби 100 адад дучархаи ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Федератсияи Русия гардидем ва тамоми сардорони идораҳоро, ба истиснои директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком», бо ин намуди воситаи нақлиёт таъмин месозем. Суръати дучарха дар як соат 5 км аст, бо ин усули нав бисёр мушкилиҳоямон рафъ мегарданд. Чӣ тавре ки мо таҳлил намудем, аз ҳисоби сўзишворӣ агар дар як моҳ хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ, қисмҳои экологӣ 118 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, бо истифодаи велосипеди дучарха 79 ҳазор сомонӣ ба фоидаи корхона мемонад. Дар моҳи феврал сӯзишвории дизелӣ 6960 литр, бензин 13,200 литр ва дар маҷмӯъ 56,448 сомониро ташкил дод, ки барои мо ин маблағи беҳад зиёд аст, дар ҳоле ки мо қарзҳоямонро то ҳол дар назди ширкатҳо пурра напардохтаем. Ба ин восита мо роҳҳои дуздӣ, фиребгарӣ ва коррупсияро низ пешгирӣ мекунем. Вилосипедронӣ барои саломатии ҳар яки мо аз фоида холӣ нахоҳад шуд, — гуфт дар охир Бег Зуҳуров.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






