СЕМИНАР – МАШВАРАТИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ семинар — машварат дар мавзӯи; «Истифодаи имтиёзоти андоз ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок, ки аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзӣ амалӣ мегарданд», баргузор гардид. Дар семинар — машварат намояндагони вазоратҳои молия, маориф, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Душанбе, роҳбарони 34 марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, якчанд ширкатҳои тиҷоратӣ ва нозироти андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории семинар — машварат татбиқи дурусти муқаррароти моддаи 237-и Кодекси андози ҶТ буд, ки бо сабаби нофаҳмии андозсупорандагон риоя намегардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






