ШӮҲРАТИ РУБОИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ИСРОИЛ
Байтулмуқаддас, 12 март (АМИТ «Ховар» — «Мигнюс.ком»). — Бостоншиносон зимни кофтукови ҳафриёт дар шаҳри кӯҳнаи Байтулмуқаддас кӯзаеро пайдо карданд, ки дар он як рубоии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём сабт карда шудааст. Кӯзаи ёфтшуда ба асрҳои ХП -ХШ мансуб мебошад. Хабар дода мешавад, ки гурӯҳи бостоншиносон дар ин ҷо таҳти роҳбарии доктор Рина Авнер кофтукови бостоншиносӣ мегузаронад. Кӯза бо махлути хокаи фирӯза андуда, бо гулҳои гуногун оро дода шудааст. Рубоӣ дар он бо ранги сиёҳ сабт ёфтааст. Олими исроилӣ Ривка Коен — Амин изҳор намуд, ки рубоии дар он сабтгардида, ба Умари Хайём тааллуқ дорад. Онро доктор Юлий Рабинович ба забони яҳудӣ тарҷума намуд. Дар бораи кӯзаи ёфташуда ва тасвири рубоии Умари Хайём дар он доктори донишгоҳи Бен — Гуриони шаҳри Нақаб Нисон Амитай — Прейс маърӯза хоҳад кард. Матни пурраи дар кӯзаи ёфтшуда сабтгардидаи Умари Хайём чунин аст: Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард, Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард, Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод, В — он косаи сарнагун пур аз савдо кард. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки кӯзаҳо бо навиштаҷоти осори адибони тоҷику форс солҳои гуногун дар мамлакатҳои дигар низ ёфт шуда буданд, вале чунин кӯза дар Исроил бори аввал ёфт шуд.Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






