ШӮЪБАИ «АМОНАТБОНК» ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Март 14, 2009 12:03

                 Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо ибтикори Раёсати Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҳукумати шаҳри Турсунзода бинои Шӯъбаи «Амонатбонк» баъди таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд.                 Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур ба шароитҳои муосири фаъолияти бонкӣ ва меморӣ хеле қулай сохта шудааст, ки ба ҳусни шаҳри Турсунзода боз ҳусни тоза зам мекунад. Ин шӯъбаи «Амонатбонк» аз як қисми амалиётӣ, 18 оҷонсӣ ва 7 нуқтаи мубодилаи арз иборат буда, 64 нафар мутахассисони соҳа дар он ҷойҳо фаъолият хоҳанд кард.                 Қобили қайд аст, ки соли гузашта бо нишондиҳандаҳои назаррас ва даромади 1 миллиону 117 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти 835 ҳазор сомонӣ, фоидаи соф 282 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки иҷрои нақшаи даромади соф 103,7 фоизро ташкил дод.  

Март 14, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид