ШАҲРАКИ НАВ БО НОМИ «БАҲОРИСТОН»

Март 19, 2009 16:43

                    Истаравшан, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Истаравшан Шўрои шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи нақшаи генералии шаҳраки наверо бо номи «Баҳористон» дар шаҳри Истаравшан баррасӣ намуд ва маъқул шуморид, — гуфт муовини раиси шаҳр Ҳакимҷон Бобоев. Дар асоси ин нақша дар қисмати шимолу ғарбии шаҳр дар майдони 200 гектар замин шаҳраки нав иборат аз наздик ба 1 500 адад ҳавлиҳои истиқоматӣ (барои 5 — 6 ҳазор нафар сокинон), биноҳои истиқоматии аз 4 то 9 ошёна (барои тақрибан 20 ҳазор нафар сокинон) бунёд хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки ин шаҳрак дар шаҳри Истаравшан нахустин нуқтаи аҳолинишине хоҳад шуд, ки тамоми манзилҳои истиқоматиаш якҷо бо иншооти дар асоси лоиҳаю нақшаҳои шўъбаи меъморӣ ва сохтмони дастгоҳи раиси шаҳр, ки бо назардошти суннатҳои қадимаи шаҳрсозӣ ва санъати меъмории ҳозиразамон сохта хоҳад шуд.                     Дар инҷо ҳамчунин сохтмони 3 бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, варзишгоҳ, маркази саломатӣ, мағозаҳо, ҳаммом, масҷид, чойхона ва дигар иншооти фароғатию истироҳатӣ ва хизмарасонӣ бунёд мешаванд.

Март 19, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд