ШАҲРАКИ НАВИ «МИРЗО ТУРСУНЗОДА» ТАШКИЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ шаҳраки «Мирзо Турсунзода» ташкил дода мешавад. Шаҳраки нав дар километри 11-уми шаҳри Душанбе ва шаҳраки «Сомониён» ҷойгир буда, дар масоҳати 791 гектар ташкил карда мешавад. Шаҳраки мазкур номи Қаҳрамони Халқи Тоҷикистон, яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик, ходими намоёни давлатӣ, шоири ва муборизи роҳи сулҳу озодӣ Мирзо Турсунзодаро гирифтааст, ки соли 2011 100-солагии ин шахсияти бузург дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






