ШАРТНОМАҲО ИҶБОРӢ ИҶРО МЕШАВАНД

Март 3, 2009 11:13

                  Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои прокурори шаҳри Сарбанд Амонулло Азизуллоев, тибқи супориши прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, доир ба иҷроиши қонунгузорӣ вобаста ба саривақт пардохтани маблағҳо оид ба истифодабарии қувваи барқ, санҷиши прокурорӣ гузаронида шуд. Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки моддаи 330-и Кодекси градании Тоҷикистон дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳо миёни корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ва Ширкати «Барқи тоҷик» дағалона вайрон карда шудааст.                 Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр, мавсум ба «ТоҷикАзот» аз ширкати «Барқи тоҷик» 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ карздор аст ва пардохти қарзро то рӯзи санҷиши прокурорӣ кашол додаст. Аз ин рӯ прокурори шаҳри Сарбанд амр дод, ки қарзи «Барқи тоҷик» аз ҷониби «ТоҷикАзот» пардохт карда шавад.                 Аз корхонаи «ТоҷикАзот» иттилоъ доданд, ки қисми аввали қарз ба андозаи 2 миллион сомонӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» пардохт карда шудааст.

Март 3, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид