ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ СЕРТИФИКАТИ НИЗОМИ ТИҶОРАТИИ СИФАТ ГАРДИД

Март 30, 2009 10:21

                   Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» сазовори сертификати низоми тиҷоратии сифат гардид. Қарор дар бораи додани сертификати мазкур баъди гузаронидани тафтиши байналхалқии молиявӣ дар корхона қабул шуд.                    Сертификати мазкур ба корхона имкон медиҳад, ки барои фурӯши маҳсулоташ дар бозори ҷаҳон бо ширкатҳои калонтарини соҳа рақобат кунад. Сертификати мазкур инчунин шаҳодати мавқеи устувори ширкат дар байни корхонаҳои калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Ширкати алюминии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, низоми тиҷоратии сифатро ҷорӣ намуд ва дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки сазовори чунин сертификат гардидааст.

Март 30, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа