ШОМИ АЙТЕК ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи ҷашни бостонии тоҷикон -Наврӯзи фархундапай дар Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе «Шоми АЙТЕК» — ҷамъомади ботантанаи донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон дар ин кишвар таҳсил намудаанд, баргузор шуд. Донишҷӯёни тоҷикро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амар Сингх бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфт. Дипломати ҳинд афзуд, ки Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон ҳанӯз 45 сол муқаддам аз ҷониби Девони вазирони Ҳиндустон созмон дода шудааст. Тибқи ин барнома дар зарфи зиёда аз 40 сол Ҳиндустон ба 100 давлати рӯ ба инкишофёфтаи ҷаҳон курсҳои кӯтоҳмуддатро дар бахшҳои гуногун пешниҳод кардааст. Дар муддати беш 10 сол қариб 500 нафар донишҷӯёну мутахассисони Вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон тавассути барномаи АЙТЕК дар Ҷумҳурии Ҳиндустон курсҳои кӯтоҳмуддатро дар бахшҳои технологияи иттилоотӣ, компютер, тиҷорат ва фаъолияти бонкӣ, менеҷмент ва ғайраҳо гузаштанд, ки ба ҷаҳонбинию дониш ва малакаи касбии онҳо такони ҷиддие бахшид. Ҳамзамон, дар ҷамъомади «Шоми АЙТЕК» донишҷӯёну мутахассионе, ки курсҳои гуногунро дар Ҳиндустон гузаштаанд сухан карда, таасуроти неки худро роҷеъ ба таҳсил ва пешрафти ин сарзамини афсонавӣ иброз доштанд. Дар анҷом аз ҷониби ҳунармандони Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҷамъомадагон гардид, ки таҷассумгари санъати волои мардуми ҳинд буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






