СИЁСАТИ НАВИ СТРАТЕГИИ ИМА ДАР АФҒОНИСТОН

Март 28, 2009 11:34

                   Вашингтон, 28 март. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Намояндаи Қасри Сафед Роберт Гибс изҳор намуд, ки президенти мамлакат Барак Обама баъди машваратҳои тӯлонии думоҳа 27 март сиёсати нави стратегии маъмурияташро дар Афғонистон эълон намуд. Мувофиқи барномаи нави маъмурияти ИМА, ба Афғонистон қувваҳои нави низомӣ фиристода, фаъолияти қувваҳои амниятии худи Афғонистон беҳтар намуда, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки силоҳбадастони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифини Афғонистон то ҳадди имкон бештар ба меҳнати осоигшта баргардонда шаванд. Тавре ки маълум аст, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷунбиши «Толибон» ва созмони «Алқаёда» фаъолияти худро дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистону Покистон густариш дода, бисёр вақт ба қисмҳои ҳарбии ҳукуматии Афғонистон ва ҷузъу томҳои посдори сулҳи байналхалқӣ ҳуҷум меоранд. Дар натиҷа вазъияти мамлакат торафт бештар муташанниҷ ва ноором мегардад.                 Барак Обама баъди президенти ИМА интихоб гардиданаш нисбати сиёсати стратегии ИМА дар Афғонистон ва Покистон таҷдиди назар ба амал овард. Вай қарор дод, ки аскарону афсарони амрикоиро аз Ироқ бароварда, ба Афғонистон фиристад. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳҳои оянда ба Афғонистон ба таври илова 17 ҳазор аскару афсари амрикоӣ фиристода мешавад. Айни ҳол дар ин мамлакат тақрибан 34 ҳазор хизматчии ҳарбии амрикоӣ ҷой дода шудааст.

Март 28, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд