СОҲАИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар Вазорати фарҳанги ҶТ дар мавзӯи «Вазъи мусиқии касбӣ ва роҳҳои инкишофи он» машварат баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорат, мактабҳои ҳунарӣ, оҳангсозон, овозхонон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Машваратро муовини вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ ифтитоҳ бахшида, ҳадафи асосии онро ба ҳозирон баён намуд. Ӯ зикр кард, ки имрўз ин соҳаи фарҳанг ба дастгирии ҷиддӣ ниёз дорад. Мутахассисони соҳа қайд намуданд, ки дар ҷумҳурӣ ду мактаби махсуси мусиқӣ амал мекунад, ки дар ҳолати табоҳ қарор доранд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, дар машварат пешниҳод шуд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва таълиму тарбияи ҷавонону наврасони боистеъдод, бояд мутахассисонеро, ки ангуштшуморанд, дастгирӣ ва ҷалб намуд. Ғайр аз ин, масъалаи нарасидани кадрҳои хуби соҳаи санъату ҳунар, таъсиси утоқи илмӣ-методӣ, курсҳои такмили ихтисос, таълимоти сезинагӣ — яъне мактаби мусиқӣ, коллеҷ ва консерватория мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Пешниҳод шуд, ки барои пешрафти соҳаи мусиқӣ оркестрҳи созҳои миллӣ ва симфонӣ бояд бо мутахассисон таъмин карда шаванд, дирежёрон ва оҳангсозони касбӣ тайёр карда, донишҷўёни лаёқатмандро ба хориҷи кишвар фиристанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






