СОҲИБКОРОН АНДОЗБАНДИРО НАМЕХОҲАНД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Яке аз сарчашмаҳои андозбандӣ, ки мавриди таҳлилу омӯзиши мақомоти андози мамлакат қарор гирифтааст, фаъолияти санъаткоронест, ки ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми майи соли 2008 рақами 273 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани «Патент» ва «Шаҳодатнома» дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд», сурат мегирад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ин намуди соҳибкорӣ 660 нафар санъаткорон дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳолати 10 моҳ дар як сол фаъолият кардани онҳо, ба хазинаи давлат аз рӯи патенти 57 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар як соҳибкор, 537 ҳазор сомонӣ ба хазинаи давлат ворид мешавад. Вале, чунон ки санҷишҳо нишон доданд, на ҳамаи соҳибкорони инфиродӣ соҳиби «Патент» ва «Шаҳодатнома» мебошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






