СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ САРҲАДИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ЭЪТИБОР ПАЙДО НАМУД

Март 27, 2009 09:37

                            Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Созишнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе имзо карда буданд, 24 марти соли 2009 эътибори қонунӣ пайдо намуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 24 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон маросими имзо ва мубодилаи тасвибномаҳо дар бораи эътибори қонунӣ пайдо намудани созишномаи мазкур баргузор гардид. Протоколро дар ин бобат сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Б.Маҳмадов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Б.Исломов имзо карданд.                  Ҳуҷҷат қисмати асосии то имрӯз муқарраргардидаи хати сарҳади давлатии ҳар ду мамлакатро тасдиқ менамояд. Комиссияи байниҳукуматии хар ду давлат қисмати боқимондаи сарҳади давлатиро то охири соли 2009 муқаррар менамояд.                   Баъди имзои ҳуҷҷат барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар он зикр гардид, ки эътибор пайдо кардани созишнома дар бораи сарҳад ба расмият даровардани сарҳади давлатии ҳар ду мамлакат мувофиқи қонуну қоидаҳои байналмилалӣ, таъмини амният ва равнақу ривоҷи ҳамкории ҳар ду мамлакат дар заминаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар мусоидат хоҳад кард.                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А.  

Март 27, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст