СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ КАЛОНСОЛОНРО ОГОҲ МЕКУНАД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, солҳои охир теъдоди бештари одамони аз 50 — сола боло ба бемории хавфноки ВИЧ гирифтор мешаванд. Дар хабари дафтари матбуоти СММ гуфта мешавад, ки духтурону мутахассисон ба паҳн гардидани беморӣ дар байни одамони калонсол таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Қайд карда мешавад, ки солҳои охир дар ҷараёни ташхиси одамон мардони аз 65 — сола ва занони аз 50 — сола боло барои ошкор сохтани бемории ВИЧ ташхис карда нашудаанд. Дар ИМА зимни ташхиси саросарии аҳолӣ дар бораи саломатии одамони аз 49 — сола боло умуман маълумот гирифта намешавад. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бар ин ақидаанд, ки одамони аз 5 то 14 солаи ба бемории ВИЧ гирифторшуда то 13 сол зиндагӣ карда метавонанд. Одамони аз 65 сола боло, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар давоми 4 сол вафот мекунанд. Сабаби ин вазъият коҳиш ёфтани муқовимати организми инсон ба бемориҳои гуногун мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






