ТӮҲФАИ ҲОҶИ – ОЯ

Март 3, 2009 16:06

                   Истаравшан, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) -Дар ноҳияи Ғончӣ аз ҷониби ашхоси алоҳида таъмин гардидани мактабҳо бо компютерҳои нав ба ҳукми анъана даромадааст.                    Бино ба гуфтаи муовини раиси ноҳия Зебуннисо Азимова, сокини деҳаи Эшонқурғон ҳоҷи — оя Вориса Нуруллоева ба мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 як баста компютер бо принтераш тӯҳфа кард. В. Нуруллоева қаҳрамонмодар буда соҳиби 10 фарзанди баркамол аст. Ӯ ҳангоми сафари Ҳаҷ ният карда будааст, ки баъди баргаштан аз зиёрати хонаи Худо ҳатман ба мактабе, ки дар он фарзандонаш таҳсил кардаанд, кӯмак мерасонад.

Март 3, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар