ТӮЙҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Март 3, 2009 16:07

                 Истаравшан, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Бино ба гуфти мудири шуъбаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод Х. Партобов дар аксари ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур гузарондани чорабиниҳои «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аҳамияти камхарҷ гузаронидани онро кормандони масъул ба мардум мефаҳмонад.                  Ба наздикӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи номбурда рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид, ки дар он аксари кормандони тиб ҳузур доштанд. Дар ҷамъомад аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Зарбдор» А. Иброҳимов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Р. Муллоҷонов ва дигарон ба сухан баромада оид ба боз ҳам камхарҷ кардани маъракаҳо андешаҳои худро баён намуданд.                   Мақсади асосии мо, — мегӯяд, ӯ татбиқи қонуни мазкур дар ҳаёт аст.    

Март 3, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид