ТАҶЛИЛИ ИДИ МАТБУОТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Март 12, 2009 17:07

                  Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 март дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд иди касбии рўзноманигорони тоҷик — Рўзи матбуоти тоҷик бо ширкати рӯзноманигорон ва намояндагони матбаа ва нашриётҳои вилоят таҷлил гардид. Аҳли қаламро бо иди касбӣ муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуда, ба гурӯҳи рӯзноманигорон тўҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — нишони сарсинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва мукофотҳои Созмони вилоятии Иттифоқи журналистонро тақдим кард.                  Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон, худи ҳамин рӯз ғолибони озмуни вилоятии рӯзноманигори ҷавон «Хомаи заррин» муайян шуд ва дави умумӣ, ки дар доираи таҷлили Рўзи матбуот пешбинӣ шуда буданд, доир гардид.                  Ёдрас мешавем, ки 9 март раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо собиқадорони матбуот, кормандони нашриёту матбааҳо ва намояндагони расонаҳои хабарии хориҷию дохилии вилоят мулоқот карда, ба 20 нафар собиқадорони матбуот ба маблағи 100 сомонӣ тӯҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуда буд.

Март 12, 2009 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар