ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ
Кӯлоб, 11 март (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Имрӯз дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи матбуот чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Усмон Хушвахтов ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуда, аз фаъолияти хабарнигорони собиқадор ёдовар гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон 34 адад нашрияҳо мавҷуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба рӯзноманигорони беҳтарин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






