ТАЙЁРӢ БА ОЗМУН ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Тоҷикистон тайёрӣ ба гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки масъалаҳои техникӣ ва ташкилии гузаронидаи озмун аллакай ҳал карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, озмуни мазкур дар Кохи Борбар баргузор мегардад. Бо қарори Комиссияи тадорукот, толори Кохи Борбад ба талаботи техникӣ ва стандарти чунин озмунҳо мувофиқ карда хоҳад шуд. Озмуни мазкурро Шабакаи аввали телевизиони Русия баргузор месозад. Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони «Сафина» ҷараёни озмунро пурра намоиш медиҳанд. Дар озмун овозхонони ҳамаи мамлакатҳои ИДМ ва соҳили Балтика иштирок хоҳанд кард. То имрӯз ҳамаи мамлакатҳои мазкур барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод намуданд. Иштирокчиёни озмун дар натиҷаи озмунҳои миллӣ интихоб карда мешаванд. Маросими ифтитоҳ, суханрониҳои нотиқон ва ҷамъбасти хотимавии озмун бо ду забон — забонҳои тоҷикӣ ва русӣ намоиш дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






