ТАЙЁРӢ БА ТАҶЛИЛИ 65 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Барномаи тайёрӣ ба таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ карда шуд. Мувофиқи он то моҳи апрели соли 2010 дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе аксҳои калони ҳамаи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» аз Тоҷикистон насб карда мешавад. Инчунин дар боғи мазкур гулгашти каҳрамонон васеъ карда хоҳад шуд. Ҳамаи ин тадбирҳо дар доираи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» амалӣ карда мешаванд. Бо қарори Ҳукумат соли 2010 соли ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шудааст. Дар доираи таҷлили ҷашн 9 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе расми гузашти низомӣ баргузор мегардад. Ба шарафи ҷашн медалҳои идонаи «65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» тайёр карда мешаванд. Барнома ҳамчунин то соли 2010 зиёд кардани нафақаи иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг ва афзоиши миқдори роҳхатҳоро барои онҳо ба истироҳатгоҳҳо пешбинӣ менамояд. Ҳафтаи аввали моҳи майи соли 2010 «Ҳафтаи ёдбуд» эълон шудааст. Шахсони масъул дар давоми ҳафта ба аёдати оилаҳои иштирокчиёни ҳалокшуда ё вафоткардаи ҷанг мераванд. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ дар мавзӯи тайёр кардану гузаронидани ҷашни ғалаба хабару мақолаҳо ва барномаҳо чоп карда, шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То 9 майи соли 2010 таҳияи Китоби ёдбуд анҷом дода, ҷилди чоруми китоби нависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров «Ҳазору як корнома» чоп карда, озмуни театрҳо дар мавзӯи ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти таърихию ҷаҳонии ғалаба бар фашизм ва замони ҳозира» конфронси илмӣ баргузор хоҳад гашт. Инчунин, барои ба даст овардани ҷоизаи ҳарсолаи байниидоравии «Барои иштироки фаъолона дар тайёр кардану гузаронидани ҷашни 65 — солагии ғалаба дар ҶБВ» барои кормандони муассисаҳои фарҳангу ҳунар ва воситаҳои ахбори оммавӣ озмун гузаронида мешавад. Ғайр аз ин ба шарафи ҷанг мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.








Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






