ТАКЛИФИ КОРШИНОСОНИ ӮЗБЕК РАД КАРДА ШУД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Хадамоти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳомидҷон Орифов, таклифи мутахассисони ӯзбек дар бораи ба ҷои «Роғун» сохтани нерӯгохи барқи обии «Сарез» рад карда шуд. Ба гуфти Ҳомидҷон Орифов, сохтмони нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ҳанӯз соли 1932 аз тарафи олимони Маскав пешниҳод гардида буд, ки ҳадаф аз он пешгирии хавфи эҳтимолии кандашавии кӯл буд. Ба гуфти олими пажӯҳишгар, сохтмони ин нерӯгоҳ, ки бо иқтидори 200 мегаватт сохта мешавад, тибқи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои кишвар, барқи истеҳсолкардаи он ба давлатҳои Афғонистон ва Покистон фурӯхта мешавад ва ин лоиҳа аз тарафи ИМА дастгирӣ ёфтааст ва маблағгузорӣ хоҳад шуд. Иқтидори нерӯгоҳи «Роғун» бошад 3 ҳазору 400 мегаватт буда, Тоҷикистонро нафақат аз камбуди норасоии барқ мераҳонад, балки ба як давлати дорои мустақилияти энергетикӣ табдил мекунад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






