ТАЪМИНИ ВОҚЕИЯТ ВА ТАЪСИРБАХШИИ ОН БЕШТАР МЕГАРДАД

Март 4, 2009 15:51

                  Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» — ро ноҳияи Ғончӣ бисёр хуш пазируфт,- иброз дошт сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Ғончӣ» Усмонҷон Икромов.                  Тасвиби чунин Фармони Сарвари Давлат агар аз як тараф ба мустаҳкам намудани интизоми иҷроия ва баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодии кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ин иқдоми муҳим мо рӯзноманигорон водор менамояд, ки дар иҷрои вазифаи хеш масъулияти куллиро эҳсос кунем. Ҳамчунин, таъмини воқеъият ва муассирии маводҳои танқидию таҳлилиро вазифаи асосӣ шуморем. Баробари интишори ин санади муҳим бояд гуфт, ки аллакай бархурди роҳбарону кормандони масъули корхонаю муассисаҳо ва ташкилоту хоҷагиҳо ба воситаҳои ахбори омма ва маводҳои нашршуда ба тарафи мусбат тағйир ёфта истодааст ва ин фармон ҳатман самараҳои дилхоҳро ба бор меоварад, — гуфт У. Икромов.

Март 4, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид