ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РИОЯ МЕШАВАНД

Март 17, 2009 10:17

                Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Вазорати фарҳанги ҶТ маҷлиси навбатии комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар он муовинони сардори раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.                 Маҷлисро муовини Вазири фарҳанг Мавлон Мухторов кушода, қайд кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан ҳам, дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шахрвандию давлати ҳуқуқбунёд мебошад.                 Вай афзуд, ки омӯзиш ва таҳлилҳои комиссияи ҷамъиятӣ муайян намуд, ки Сарраёсати корҳои динии Вазорати фарҳанг дар давоми соли 2008 ва 3 моҳи соли равон оид ба татбиқи қонун як зумра корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои динӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру норҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромада, доир ба бартараф намудани нуқсону камбудиҳо дар ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои динӣ ва риоя намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва «Дар бораи танзими ҷашну маъракаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомаду вохӯриҳо доир намуда, оид ба нуқсону камбудиҳои мавҷуда маслиҳатҳои методӣ пешниҳод намуданд.                   «Бояд зикр намуд, ки доир ба татбиқи Қонуни мазкур сарраёсат, раёсатҳо, шўъбаҳо ва ташкилоту муассисаҳо корҳои муҳимро ба анҷом расонида бошанд ҳам, камбудиҳо дар ин самти ҳаётан муҳим ҳоло низ бисёранд. Бӯҳрони иқтисодие, ки имрӯз ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, хоҳу нохоҳ таъсирашро ба Тоҷикистон мерасонад. Моро зарур аст, ки барои аз ин бӯҳрон ҳимоя кардан тадбирҳои зарурӣ андешем. Гумон мекунам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ин дар амал дуруст татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» мебошад», — гуфт Мавлон Мухторов.                   Дар ҷаласа инчунин муовини сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашо Муродов ва дигарон баромад намуда, оид ба ин масъала фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.                   Дар фароми маҷлис, ба раёсатҳо, шӯъбаҳои вазорат ва муассисаҳои тобеи он дастур дода шуд, ки назорати иҷрои қонунро дар саросари мамлакат боз ҳам пурзӯртар намоянд. Ҷараёни иҷрои қонун дар маҷлиси ояндаи комиссия мавриди муҳокима қарор хоҳад ёфт.

Март 17, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст