ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Рашт, 28 март. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов).- Ба наздикӣ гурӯҳи кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба навоҳии водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд. Дар чорабиние, ки бо иштироки аҳли зиё, уламо ва дигар ашхоси ба ин соҳа марбут доир гардид сармутахассиси раёсат Тоҳир Рашидов баромад намуда, оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ» ҳарф зада ҳушдор дод, ки комиссияҳои амалкунанда бояд фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монанд. Дар ҷамъомади доир гашта, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Толибов иштирок ва баромад намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






