ТАРМИМИ ШАБАКАИ ОБРАСОНИИ ҚӮРҒОНТЕППА

Март 16, 2009 16:57

                   Қӯрғонтеппа, 16 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар Қӯрғонтеппа вобаста ба тармими куллии шабакаи обрасонӣ интиқоли об ба хонаҳои мардум рӯзҳои 17 ва 18 март қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз идораи байниноҳиявии водоканализатсияи шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Директори корхонаи давлатии водоканализатсия Абдулмаҷид Шарифов хабар дод, ки дарозии хати обрасонии шаҳр 114 километр мебошад. Бори охир қубурҳои обгузари шабакаи обрасонӣ солҳои 80 — уми асри гузашта иваз карда шуда буданд.                    А.Шарифов зикр кард, ки барои пурра иваз кардани қубурҳои об ва хати канализатсия маблағи хеле калон лозим аст. Бо ин мақсад аз маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ истифода бурда мешавад. Инчунин, барои иваз кардани қубурҳои канализатсия низ тадбирҳо андешида мешаванд. Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бо ин мақсад 5 миллион доллари ИМА ҷудо кард. 70 фоизи ин маблағ барои иваз кардани хати обрасонӣ дар кӯчаи Кайҳоннавардон сарф карда мешавад. Зеро қисми зиёди биноҳои баландошёна дар ҳамин кӯча воқеъ гардидаанд.                   А.Шарифов дар хотима изҳор намуд, ки тармими хати водопровод аз моҳи апрел шурӯъ мегардад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои барқарор сохтани системаи канализатсияи шаҳр 590 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. Бо ин маблағ бинои стантсияи насосии обкашӣ тармим карда, аз он то истгоҳи трансформаторӣ хати интиқоли барқ кашида шуд.                    Муассисаҳои водоканализатсияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва мамлакатҳои мададгор бо техникаи махсус пурра таъмин карда шуд.

Март 16, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад