ТАШАББУСҲОИ НАВИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 март зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар пешниҳод намуд, ки соли 2011 садсолагии зодрӯзи яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик, муборизи матини сулҳ ва мунодии ваҳдату дӯстии халқҳои ҷаҳон , Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо тантана ҷашн гирифта шавад. «Зодрӯзи ин устоди каломи бадеъро, ки дар Осиё ва Африқо шӯҳрати беандоза дорад, бояд сазовор ҷашн гирем»-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон. Президенти ҷумҳурӣ ба комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод кард, ки барои ба феҳристи ҷашнҳои байналмилалӣ дохил намудани садсолагии устод Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад. Ҳамчунин, Э. Раҳмон бо назардошти хизматҳои шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ба Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷрояи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои таҷлили ҷашни садсолагии ин адибон тадбирҳо андешанд. Сарвари давлат пешниҳод намуд,ки ба Донишгоҳи забонҳо номи Сотим Улуғзода гузошта шавад. Тавре ки маълум аст, С. Улуғзода ҳамчун тарҷумони бузург низ шӯҳрат дорад. Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба номи Ҷалол Икромӣ гузоштани яке аз хиёбонҳои пойтахт мувофиқи мақсад мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






