ТАВАҶҶӮҲИ КИШВАРҲОИ АРАБӢ БА КИТОБИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИ

Март 5, 2009 11:28

                Душанбе, 5-ми март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Ҳафтаномаи арабии Россия «Анба Моску» (Московские новости) як саҳифа аз шумораи навбатии худро зери рубрикаи «Россия ва давлатҳои ҳамсоя» ба мавзӯӣ тарҷумаи арабии китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи Таърих», ки моҳи ноябри соли 2008 дар Қоҳира аз ҷониби «Дору-л-фикр-л-арабӣ» нашр гардид, бахшидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Мисри Араб хабар доданд.                Дар мақола ҷумлаҳои «Дини исломӣ ва фарҳанги исломӣ муштаракоти халқи мо ҳастанд», «Бо вуҷуди қатли ом ва ҳамлаҳои таҷовузгарон фарҳанги тоҷикон устувор боқӣ монд» ва «Тоҷикон ба тамаддуни умумибашарӣ Абуллайси Самарқандӣ, Абӯҳанифа, Ибни Сино, Ҷалолидини Румӣ ва дигаронро додаанд» ҳамчун чакидаҳои ин асар бо ҳарфҳои калон сарлавҳагузорӣ шудаанд.                Рӯзномаи мисрии «ал-Масо» (шомгоҳӣ) низ дар шумораи рӯзи 27 феврали соли равон дар шарҳу тавзеҳи тарҷумаи арабии китоби Президенти Тоҷикистон мақолае бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих….даъват ба наздикшавӣ бо ислом»-ро чоп кардааст, ки он ба қалами рӯзноманигори мисрӣ М.И. ал-Баҳровӣ таалуқ дорад.                Ёдовар мешавем, ки китобро бо забони арабӣ олима ва тарҷумони шинохтаи Миср Макорим ал-Ғамрӣ тарҷума кардааст. Айни замон тарҷумаи ҷилдҳои дуюм ва сеюми китоби мазкур ба забони арабӣ идома дорад ва моҳҳои наздик ба чоп хоҳад расид.

Март 5, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд