ТОҶИКИСТОН ДАР МАВРИДИ МУБТАЛОЁНИ ДИАБЕТИ ҚАНД ҚОНУН ҚАБУЛ МЕКУНАД
Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд», «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол» муҳокима шуданд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймиддинов, Маҳбуба Нуриддинова, Гулчеҳра Бозорова ва Мирзошариф Исломиддинов зикр карданд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур ҷиҳати татбиқи ислоҳоти бахши маорифи кишвар, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоии диабети қанд, баланд бардоштани сатҳи иқтисодии мамлакат ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихии ҷумҳурӣ муосидат менамоянд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза бо тасарруфи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таъмини баргардонидани онҳо, Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба имтиёз ва масуниятҳои Агентии байналмилалии оид ба энергияи атомӣ ва дигар санадҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






