ТОҶИКСТАНДАРТ ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ ДОРАД

Март 16, 2009 10:30

                 Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба иттилои директории Тоҷикстандарт Д.Ҳотамов, соли 2008 на ҳамаи ҳисобкунакҳои об, газ ва барқ аз ташхиси техникии Тоҷикстандарт гузаронида шуданд.                  Ба иттилои ҳамин манбаъ, соли 2008 идораи «Душанбегаз» аз 5 ҳазор ҳисобкунакҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар хонахои истиқоматӣ идораю муассисаҳо васл кардааст танҳо 40 фоизашро барои аз назорати Тоҷикстандарт гузаронидан пешниҳод намудааст. Идораи «Душанбеводоканал» бошад 90 фоизи дар нақша пешбинишуда ва идораи «Фурӯши барқ «Эноргосбыт» -и Душанбе» 14 ҳазор ҳисобкунакҳои барқии истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро бе ташхиси техникии Тоҷикстандарт насб кардаанд, ки боиси нигаронист.

Март 16, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид