ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ ЭЪТИРОЗ НАМУДАНД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ҳангоми ҳисобот дар бораи иҷрои нақшаи буҷет вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов мавриди бархӯрди вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт. Ба ақидаи вазир маблағҳои буҷавӣ мақсаднок истифода гардиданд. Аз ҷумла маблағҳои буҷавӣ дар иншооти ҳаётан муҳим, аз қабили тунелу нерӯгоҳ ва роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта истифода гардидааст. Ба ақидаи вакили мардумӣ Юсуфҷон Ахмедов, маблағи буҷа дар бисёр маврид нодуруст истифода мешавад, ба ҷои он ки дар кишвар иншоотҳои иқтисодӣ сохта шавад, маблағи буҷаро дар сохтмони иншооти фарҳангӣ ва чорабиниҳои базмӣ сарф мекунанд. Ин аст ки бозорҳои кишварро маҳсулоти камсифати давлатҳои Чин, Покистон ва дигар давлатҳои ба Тоҷикистон ҳамсарҳад пур кардаанд. Нархи маҳсулот бошад дар бозорҳои кишвар сол аз сол афзоиш меёбад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






