ВАРЗИШ МАНБАИ САЛОМАТӢ
Темурмалик, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик нақшаи чорабинӣ баҳри амалӣ гардидани «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия вохӯрӣ ва озмунҳо гузаронида истодааст. Раиси ноҳия Малика Шукурова вобаста ба ин мавзӯъ гуфт:- «Соли сипаригардида бахши мазкур махсусан дар соҳаи варзиш натиҷаи хуб ба даст овард. Дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Баҳром Сангов дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба вазнбардорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳорати баланд нишон дода дар байни 15 кишвари ҷаҳон соҳиби медали варзишии мусобиқа гардид. Дастпарвари дигари мактаби варзишии ноҳия Низом Сангов соҳиби роҳхат барои иштирок дар олимпиадаи ХХХ шаҳри Пекини Ҷумҳурии Хитой гардидааст. Умед аст, ки соли ҷорӣ низ варзишгарони ҷавони ноҳия дар мусобиқа ва олимпиадаҳо ширкат варзида, сазовори ҷои намоён мегарданд»-афзуд Малика Шукурова.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






