ВАЗОРАТИ ДИФОИ ФР МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО БА АРМИЯ МЕГИРАД
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Вазорати дифои Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҷои корашонро аз даст додаанд барои дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар хизмат кардан даъват намуд. Бо чунин пешниҳод ҷонишини вазири дифои ин кишвар генерал- полковник Николай Панков баромад намуд. Аз рӯи қонунгузории Федератсияи Россия хориҷиён ҳуқуқ доранд дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар тариқи шартнома хизмат намоянд. Барои ин хориҷиён бояд забони русиро хуб донанд, маълумоти на камтар аз миёнаи умумӣ дошта бошанд ва ҷисман солим бошанд. Комиссариатҳои ҳарбӣ ғайрирасмӣ вазифадор карда шуданд, ки ба хизмат танҳо шаҳрвандони давлатҳои соҳибистиқлол даъват карда шаванд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистон, ду олмонӣ ва як нафар яҳудӣ аз давлати Изроил хизмат мекунанд. Коршиносони ҳарбӣ дар ин нуқтаи назаранд, ки хориҷиён на дар дохили Федератсияи Россия, балки дар иншооти ҳарбии Россия, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, хизмат намоянд. Чунин иншооти ҳарбӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 36-то мебошанд, ки армияи давлати Русия дар он ҷо мустақар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






