ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Март 14, 2009 09:44

                        Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кор гузаронида шуд. Соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 118 ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор гардид. Ярмаркаи навбатӣ, ки бо ибтикори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, 119 — умин ярмарка дар соли ҷорӣ мебошад. Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор ғайр аз корхонаҳои давлатӣ корхонаҳои хусусӣ ва субъектҳои хоҷагидор низ ширкат варзида, барои ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани коргарон дархостҳои худро пешниҳод намуданд.                          Дар ярмаркаи навбатӣ корфармоёни давлатҳои хориҷи кишвар низ иштирок намуда, бо истифода аз қувваи арзони кории ин ҷо барои худ мутахассисони лаёқатмандро ба кор даъват намуданд. Аз ҷумла 30 нафар ронандагон барои нақлиёти мусофиркашонӣ бо пешниҳоди 1000 доллари амрикоӣ ва таъмини манзил дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия ба кор даъват гардиданд.                         Дар ярмарка аз 59 корхонаю ташкилоти ватанӣ барои бештар аз 3 ҳазор ҷои кор дархост пешниҳод гардид.

Март 14, 2009 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар