ЯРМАРКАИ НАВБАТИИ ҶОИ КОРУ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
Душанбе, 11 март (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ярмаркаҳои ҷои кору вазифаҳои холӣ, ки мунтазам дар пойтахт баргузор мегарданд, нишон доданд, ки бо вуҷуди душвориҳои иқтисодию молиявӣ талаботи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ба қувваи корӣ хеле калон аст. То ҳол ҳам корхонаҳои давлатӣ ва ҳам корхонаҳои хусусӣ ба теъдоди зиёди коргарон эҳтиёҷи калон доранд. Директори раёсати умумии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадалӣ Ҷабборов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар пойтахт аз аввали соли равон 5 ярмарка гузаронида шуд. Дар онҳо қариб 15 ҳазор сокини пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзид. Ба туфайли чунин ярмаркаҳо зиёда аз 700 нафар дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, маориф ва ғайра соҳиби кор гардид. Қариб 3 ҳазор нафари дигар барои омӯхтани касб ба курсҳои кӯтоҳмуддат фиристода шуд. М.Ҷабборов афзуд, ки кормандони агентӣ талаботи корхонаю муассисаҳоро ба коргарони соҳаҳои гуногун меомӯзанд. Дар давоми ҳамин ҳафта дар бинои Сирки давлатӣ ярмаркаи навбатии ҷои кору вазифаҳои холӣ баргузор мегардад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






