ЯРОҚҲО ДАРЁФТ ВА МУСОДИРА КАРДА ШУД

Март 11, 2009 10:17

                Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара ҳангоми аз назар гузаронии ҳудуди мавзеи ҷангали сӯхтаи деҳаи Шаҳринав, ҷамоати Тавилдара яроқҳои зерин дарёфт карда шуд: як адад яроқи оташфишони тамғаи «АКСУ» автомати Калашников, як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-8», як дона тири гранатамёт, 20 дона тири зенитӣ, 2 дона тирдони АК, як адад лентаи пулемёт, як адад лентаи ДШК дарёфт ва мусодира карда шуд.                 Инчунин, аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвоз, низ аз махфигоҳ яроқ мусодира карда шуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз махфигоҳи ноҳияи мазкур яроқҳои зерин дарёфтанд: як адад яроқи тамғаи «ППШ», ду адад яроқи тамғаҳои «Карабин» ва карабин «БУР», як адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ, 3 дона норинҷаки тамғаи Ф-1, 6 адад тирдони АКН, 860 дона тирҳои тамғаи гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.   

Март 11, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад