З. ЗУБАЙДОВ БО А. ЗАРДОРӢ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОНРО БАРРАСӢ НАМУД

Март 18, 2009 16:35

                   Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ супорид.                     Дар оғози сӯҳбат Президент Асиф Алӣ Зардарӣ аз мулоқоти пурсамари худ дар ҷараёни Саммити сарони давлатҳои СҲИ (ЭКО) дар Теҳрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, сипас пешниҳоди Сафири Тоҷикистон дар Покистонро, ки аз масъалаҳои муҳими равобити ҳарду кишвар иборатанд, мавриди таваҷӯҳ қарор дод. Аз ҷумла, масъалаҳои гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак дар шаҳри Исломобод дар мӯҳлатҳои наздиктарин, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Покистон, бо назардошти он, ки ҷониби Тоҷикистон низ омода аст, барои сохтмони Сафорати Покистон дар дар Душанбе замин ҷудо кунад, ривоҷу равнақ додани муносибатҳои дуҷониба, таъқиди аҳамияти бузурги татбиқи лоиҳаҳои гироэнергетикӣ барои ҳар ду ҷониб, кушодани хатти парвози мустақим байни пойтахтҳои ҳарду кишвар, омодагиҳо барои амалӣ намудани сафари А. Зардарӣ ба Тоҷикистон, баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати сиёҳи Покистон марбут ба гирифтани раводид, ки он ба 18 давлат шомил мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Март 18, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад