«ЗАРБДОР» — 40 СОЛА ШУД

Март 19, 2009 16:42

                     Истаравшан, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Рўзномаи «Зарбдор» — нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Зафаробод 40 — сола шуд. Ҳарчанд, ки чопи шумораи нахустини рўзнома ба соли 1968 тааллуқ дорад, рўзнома шумораи ҷашнии худро бо ҷашни матбуот алоқаманд намуда онро пурра ба 40 — солагии таъсисёбии хеш бахшидааст. Аз мутолиаи шумора маълум мегардад, ки то имрўз 4 275 шумораи ин рўзнома дастраси хонандагон гардида, нахустин муҳаррири он Аъзамхон Махсумхонов будааст. Рўзномаро аз соли 1980 инҷониб журналист Аббос Иброҳимов сарвари карда, анъанаҳои дерини онро то имрўз идома дода истодааст. Аз соли 1968 то соли 1990 теъдоди ходимони адабии рўзнома 20 нафар ва теъдоди мухбирони ҷамоатӣ 120 нафарро ташкил медод. Дар пешрафти кори он шодравон Бобоҷон Зикруллоев, Камол ва Бердиқул Донаевҳо, Ғайрат Ҳакимов, Ҷонмурод Муродбеков, Малика Қаюмова ва даҳҳо дигарон саҳм гузоштаанд. Пештар рўзнома бо теъдоди калон чоп мешуд. Имрўз бошад теъдоди коргаронаш ҳам (ҳамаги 3 нафар) ва тиражи он хеле коҳиш ёфта бошад ҳам, рўзнома вазифаи муқаддаси худро иҷро карда муттасил ба забонҳои тоҷикию ўзбекӣ ба табъ мерасад.  

Март 19, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад