Ғ.ҚАЛАНДАРОВ ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ ДАФН КАРДА ШУД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тавре хабар дода шуда буд, арбоби намоёни сиёсӣ ва журналисти маъруфи тоҷик Ғоибназар Қаландаров чанд рӯз пеш дар шаҳри Санкт — Петербург аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ 12 апрел дар ҳамин ҷо ба хок супорида шуд. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат ба унвони аҳли оила ва хешу таборони марҳум барқияи ҳамдардӣ фиристод. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки фаъолияти журналистии Ғ.Қаландаров аз рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» оғоз меёбад. Вай аз соли 1973 то соли 1977 сармуҳаррири ҳамин рӯзнома буд. Сипас ӯ дар давоми ҳафт сол мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон шуда кор кард. Ғ. Қаландаров моҳи феврали соли 1977 раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа то моҳи декабри соли 1988 кор кард. Ӯ дар ин давра барои густариш додани фаъолияти Кумита ва рушди минбаъдаи он корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Ғ.Қаландаров иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






