ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ М. ТУМИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Маргарет Эйлин Туми масоили ҳамкории Тоҷикистону Австралия баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Австралия ҳамчунин метавонанд робитаҳои густурдаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дошта бошанд. «Мубодилаи тиҷоратии миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли гузашта наздики 35 миллион доллари амрикоро ташкил дод, нишона аз имконоти васеи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Австралия аст», — изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Мусоҳибон баҳри тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар мулоқот атрофи авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






