ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАИ САФИРИ РУМИНИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон Емил Рапча эътимоднома қабул намуд. «Тоҷикистон ба барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Руминия манфиатдор аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбаташ бо сафири нави ин кишвар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт. Емил Рапча дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дӯсти хуб ва шарики боэътимоди Руминия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст» ва афзуд, ки «Тоҷикистон дар кишвари ӯ чун пул ё пайвандгари Аврупо бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст». Ба гуфти Емил Рапча, роҳбарият ва мардуми Руминия аз талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими амнияту субот ва эҷоди фазои хуби ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хуб огоҳӣ доранд ва нақши Тоҷикистонро дар ин минтақа баланд арзёбӣ мекунанд. Дар мулоқот оид ба имконоти рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Руминия гуфтугӯ сурат гирифт. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истеҳсоли мебел, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пашму пӯст, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид. Емил Рапча иттилоъ дод, ки ба наздикӣ Вазири тиҷорати Руминия бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард ва ҳадафи онҳо ташкил ва густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ аст. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки вазифаи асосии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ эҷоди заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






