ҚАЛЛОБ ДАР ЛИБОСИ МИЛИСА
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шӯрообод Убайд Ғуломов дар хонаи худаш воқеъ дар маҳалаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе ба боварии шаҳрванд С.. даромада бо баҳонаи озод кардани падараш аз маҳбас аз ӯ маблағи 16 800 доллари ИМА талаб намуда, ӯро бовар мекунонад, ки дар муддати 10-рӯз падарашро аз маҳбас озод менамояд. Номбурда то имрӯз ӯро фиреб дода маблағи гирифтаашро барнагардонидааст. Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати Ӯ. Ғуломов аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






